Душанбе мизбони Фестивали байналмилалии рақс мегардад
Аз 29 апрел то 2 майи соли 2026 шаҳри Душанбе мизбони Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» хоҳад шуд. Чорабинӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии устоди маъруфи рақс, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи фестивал таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва муаррифии санъати рақси миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.
Маросими ифтитоҳи расмии ҷашнвора 30 апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад. Дар доираи фестивал ҳамчунин баргузории конфронси илмӣ оид ба фаъолияти эҷодии Ғаффор Валаматзода пешбинӣ шудааст.
Фестивали мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, интизор меравад, ки дар он ҳунармандон ва гурӯҳҳои рақсии кишварҳои гуногун иштирок намоянд.

