“ХАТЛОН”-И БОХТАР АВВАЛИН ИШТИРОКЧИИ ДАВРИ НИҲОИИ ҶОМИ ФФТ-2021

Дар доираи рақобатҳои даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ 2021 бозии аввал миёни дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Равшан”-и Кӯлоб баргузор гардид. Дидори тимҳо дар варзишгоҳи марказии Ҷумҳуриявии пойтахт сурат гирифта бо ғалабаи футболбозони шаҳри Бохтар бо ҳисоби 2 бар 0 пушти сар шуд. Ҳарчанд дар оғози рақобат бозингарони шаҳри Кӯлоб ҷилави дидорро бар дӯш доштанд, аммо маҳорати хуби бозингарони дастаи “Хатлон” боис бар он гардид, ки ба дарвозаи ҳариф ду голи беҷавоб ворид созанд. Дубли легионери камерунӣ Жана Гатена НД дар дақиқаи 33-уми нимаи аввали рақобат ва дар дақиқаҳои иловагии қими дуюми дидор боис бар он гардид, ки дастаи “Хатлон”-и Бохтар аввалин иштирокчии даври ниҳоии Ҷоми ФФТ 2021 гардад. Ғолиби ҷуфти Истиқлол ва Регар-Тадаз, ки имрӯз соати 15:00 дидори хешро анҷом хоҳанд дод, бо дастаи “Хатлон” барои ба даст овардани ҶОМ андари майдони рақобат мегарданд.

СУЛТОНОВ ШОДОНҶОН

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE