Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон, муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштирок ва суханронии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид.
Дар кори Форум, инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, сохторҳои иқтисодӣ ва бахшҳои хусусии ҳар ду кишвар иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур таҳкими муносибатои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои оянда мебошад.
Зимни суханрониҳои худ, муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармояи мутақобила ва баровардани ин муносибатҳо ба сатҳи сифатан навро таъкид намуда, омодагии қавии худро ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз доштанд. Дар ҷараёни кори Форум пешниҳодҳо ва ташаббусҳои мушаххас доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ, саноат ва рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи (В2ВB) миёни соҳибкорони ду кишвар ва вохӯриҳои (B2G) соҳибкорон бо намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ баргузор гардида, ҷонибҳо роҳҳои амалии татбиқи ташаббусҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои мутақобилан судмандро баррасӣ ва мувофиқа карданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе