Баландшавии истеҳсолот ва ҷалби сармоя ба кишоварзии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025
Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 23,85 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7% зиёд мебошад. Аз он 15,89 миллиард сомонӣ ба растанипарварӣ ва 7,96 миллиард сомонӣ ба чорводорӣ рост меояд.
Дар ин давра истеҳсоли ғалладона 679 ҳазор тонна, сабзавот 1,2 миллион тонна, мевагиҳо 297 ҳазор тонна ва гӯшт 118 ҳазор тонна ташкил дода, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ 90 ҳазор тонна ва ба маблағи 33,8 миллион доллар афзудааст.
Бо ҷалби сармояи хориҷӣ чандин лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” бо 1,9 миллион доллар ва “Тавонмандсозии занони деҳот” бо 263 ҳазор доллар маблағгузорӣ. Ҳамзамон, гуфтушунидҳо барои оғози лоиҳаҳои нав бо Бонки Осиёи Рушд ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ идома доранд.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе