Дар нимсолаи якуми соли соли 2025 ба масоҳати умумии 526,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, дар нимсолаи якуми соли 2025 корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита асосан ба таҳияи асноди лоиҳавию харҷномавии иншоотҳо, нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳо, таҳия, мувофиқасозӣ ва такмилдиҳии ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, додани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ намудани онҳо машғул шуд

Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE