Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири барномарезӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалии Миср мулоқот намуд
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири барномарезӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср ва ҳамраиси Комиссияи муштараки иқтисодӣ Рония Машшот мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср ҳамчун самти муҳими сиёсати хориҷии ҳарду давлат таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Таъкид карда шуд, ки рушди ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ ва сармоягузорӣ самти муҳими робитаи ҷонибҳо мебошад.
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба манфиати ҷонибҳои арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи густариши робитаҳои ду ҷониб дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, нақши Тоҷикистон ва Миср дар ҳалли масоили марбут ба обу иқлим, ҷалби сармоя ба Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои фарҳангӣ изҳори назар карда шуд.