Нусратулло Давлатзода: аз ҳисоби корхонаҳои калонтарини соҳаи саноати истихроҷ ва ширкатҳои мобилӣ ба буҷет 600 млн сомонӣ маблағи андоз камтар ворид шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби доираи васеи хабарнигорон ва иштироки раис Кумита, муовинони раис ва сардорони раёсатҳо баргузор гардид.

Зимни нишасти хабарӣ, Муқим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар соли 2020 аз ҳисоби корхонаҳои калонтарини соҳаи саноати истихроҷ ва ширкатҳои мобилӣ бинобар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва таъмин накардани иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба буҷет 600 млн сомонӣ маблағи андозҳо камтар ворид шуд.

Аз идора: Нишасти матбуотии Кумитаи андоз идома дорад. Шумо метавонад ҷараёни онро дар шабакаи иҷтимоии фейсбук, дар саҳифаи расмии Радиои Тоҷикистон ба таври мустақим тамошо кунед.

Шоҳин САИДОВ,

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE