Аз табори меҳнатқаринон

Ё хотироти сафар аз ноҳияи баландкӯҳи Мӯъминобод

Бузургону саркардагони илму адаби чандсолаи мо андешаи зебоеро ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл то таваллуди мо ба аҳли башар, ба оламу одам ба сифати намунаи олии панду андарзи адаб эҳдо карда будан, ки бад-ин шева садо медиҳад, “Пирон офтоби сари кӯҳанд”. Ва мо ҳамвораву ҳамеша ба гармиву ҳамими нурҳои ҷонбахшои эшон эҳтиёҷмандем, то аз ҳастиву ҳақиқати зиндагии ногузири эшон нерӯву ангеза бардорем. Гуфтори навбатии мо роҷеъ ба кору рӯзгору сарнавишти омӯзандаву пайкори созандаи як тани ба ҳастӣ сарсупурдаи тору пуди пеша буда, исму кори ӯ ба маорифу таълиму адаб қаробати басо танготанге дорад.

Дар як рӯзи мубораку фархундаи хуршедии фасли гулрезу гулбези диёр дар хонаводаи марди хизматгару обутобёфтаи майдони меҳнат бо исми Амирхон Муроди хоҷагипарвару заминдӯст тифлаки дигаре дида ба даҳри дун по ниҳод, ки аҳли авлоду аждод ҳама дар ғояти  шодмониву комгориву пирӯзӣ сарҷамъ шуданду ба меҳмони нави хона исми лоиқу сазовору арзандае гузошанд, Бобохон, то ҳамрадифи исми падар бошад.

Таваллуди Бобохон ба соли 1946 росту дуруст меояд. Муъминободи овозадору шуҳратофоқу зебоманзар таърихӣ буд зодбуми Бобохони кӯчак, ки хуни нофаш дар хоки поки ҳамин дару диёр рехт. Чун субҳ мешуду хуршед ба ҷаҳон дида мекушод, қиблагоҳаш Амирхон бачаи навзодашро, Бобохонашро бо ҳазорон умеду армон сари бурзу бозу мебардошту дар ангезаи ифтихору виқор ҳар аз гаҳе ба сари бландии куҳаҳову пуштароғи рустои “Ҳаваш”, самти нурпошии офтоб ҳаракат мекард. Чун ба болову баландиҳо, ба макони серҳаво, дами шамолаки салқини аз поёнҷойи деҳа гардон мерасид, дилаш аз ин эҳсос об мехӯрду ҷисму ҷонаш ҳузуру роҳат мекард.

Дар ғояти сарфарозӣ аз бахту толеъи зиндагиш бо бачааш чанд нафасеву даме менишасту аз баландиҳо ба поён нигариста, аз зебогии манзараи дилфиреби Муъминобод, ки дар поинҳо чун намои тасвири гунаи биҳиштро мемонд, чашмҳояшро аз ин зебоӣ шодоб мекарду боз қиссагӯён Бобохонашро ба хона мегардонд. Ба ғоти ба як солагӣ дакка хӯрдани соли Бобохонашон, Амирхон бо аҳли хонаводааш ба ноҳияи Восеъ кӯч басту дар ин ҷо касбу корашро тамдид бахшиду ба тарбияи ҷигаргӯшаҳояш камари устувор барбаст. Бо ҳамин маром Бобохонаш ба тану тушу тавон нерӯву қувват зам мекарду қаду қомат мекашиду бурзу бозу ба ҷонаш зам мекарду калон мешуд ва ҳамвора аз падар панду андарзи ахлоқ ба гӯш ҳалқа мекард.

Ҳамин ангеза ба амиқу жарф асар кард, ки аз ҳамон даму нафас бачаи доди дабистон дар умқи сина ҷоий кина муҳаббати омӯзгориро ҷо доду баъди поён овардани мактаби миёнаи 8-сола, ки бо номи “Байрақи Ленин” ёд мешуд, ба ҷиҳати нарасидани мутахассисон, Бобохони 16-соларо ба сифати омӯзгор дар ҳамин дабистон таъин карданд. Ин дастмӯза барои як наврас чи ки, ӯро Сарпионервожат ё сарпешоҳанг низ қабул донистанд.

Бобохон, ки аз аҳди бачагӣ дар ҳама фанну фунун лаёқату маҳорати волову вижа дошту аз ҳамтоёну ҳамсолону ҳамовардони хеш дар хондану донистан як сару гардан боло буд, ӯро ба ин мартабаи пуршарафу пурифтихори муаллимӣ  эб донистанду аз ӯ дар нисбати донишаш кинаву адоват наҷӯстанд. Вале, дар дили Бобохон завқу ҷӯшу шайдоиву сарсупурдагӣ, ки ба ҷиҳати ирсӣ туғён дошт, дар соли 1964 ҳуҷҷат тахту дуруст карду ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб шомил шуду донишҷӯ гардиду дар факултаи забону адабиёти тоҷику рус нангакиву завқакӣ хонд. Таҳсилаш ҳамагӣ як солро ба таркиб нагирифта буд, ки сентябри ҳамон сол ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ пайваст, пайвасту аз ҷону дил қарзу фарзи фарзандияшро назди модар, пеши ватан адо карду бо сари буланд баргашт. Баргашту таҳсилашро тамдид бахшиду унвони мояи ифтихор, саҳеҳтараш омӯзгориро ба номаш ихтисос бахшид.

Пешаву пайраҳаи омӯзгорӣ ба ҷисму ҷони Бобохон Амирхонов ба ҳадду андозае асар кард, ки варо аз ин ҷода ба соатеву нафасе канор карда натавонист ва ин кору касб ба руҳу равонаш пайвасту онро муҷиби рӯзгори хушу зиндагии шоистааш пазируфт. Ин марди маорифпарвару таълимгари наслҳои чанд, сар аз аҳди ҷавониш таълиму тарбияи бачаҳоро машғулияти кори ҳамешагии умри хеш баргузиду дар шумули беандоза шогирдони арзанда аз боғи маърифатпарвару маонихезаш рӯиданд. Бобохон Амирхонови таҷрибасудаву омӯзгори варзида бо кулвори пур аз ишқу ҳавасу муҳаббату меҳру вафо боқии умри худро ба тамом ба пешаи омӯзгорӣ бахшиду ба кори шуъбаи маорифи ноҳия пардохт. Ва ҳамакнун аз он ҳину ҳангом то  бад-ин сӯ фосилаи 25 сари сол гузора шуд, ки ту гуфтӣ, Бобохон Амирхонов  аз  таҳи дил дар ин масир заҳмат мекашад.

Қаҳрамони нутқи нуқли нақли мо дар хуну хулқу хуяш ба ҷавҳари ҳастӣ талошварзи кору касбаш дар зарфи фарои ним қарн, ба саҳеҳ 56 сари сол аст, ки дар кулвори маънӣ бори пурифтихори тарбия мекашаду дар ин ҷода ба сифати мудири мактаб низ чанд фурсате фаъолият бурдааст.

Бобохон Мирхонов – марде дар боғи сабзпарвари ҳаёт, ки раста-раставу баста-баста ниҳолакони қадраси дастранҷи андсолаашро дар шумули фарзандонаш тарбият бахшиду ба камол расонду ба ченаки кофӣ хату савод бахшиду илму дониш омӯхт, ки ту гуфтӣ, ҳар кадоме дар ҷодаҳои зиндагӣ устувор гом ниҳода, гулдухтаронаш дармонбахшойи дардҳоянду писараш ба кори замин дилбохтаву шайдо.

Ҳамин ки дар бадали фарои ним аср ин марди маорифпарвару таълимгари наслҳои мухталифи ин миллат аз ҷону дил ба решаи дарахти пурбаргу бори зиндагӣ бофиру фаровон оби умр рехта, дигарам дар алорағми амалҳои созандаву шоистаи ӯ воре аҳли маънӣ чӣ чизи болотар аз таслим шудан гуфт, ки ба шеваи иқрор ба кор ояд.

Ин ки дар ин ватану меҳану дару диёри дерину дур дар сояи сулҳу субботу амну осудагӣ дар ҳалқаи фарзандону навасаҳо ба сар мебарад, рӯзе ба ҳазорбора дасти дуову дуруду ниёиш ба сӯйи Худо мекунад, то шукрона ба ҷо биёраду аз дода ба шеваи қаноат муҳаббат ҳосил фармояд. Бешак, Бобохон Амирхонов тӯли зиндагии пурбаракати 75-солааш ҳар нафас аз умри полидаву пуидаи худ розӣ асту ҳоло ҳам мадору тавону завқу хоҳиши беш дорад, то ба тарбияи шогирдон камар бубандад. Умри гузораи як марди масири зиндагӣ, ки онро ба соатеву нафасе бидуни манфиат напуидааст, метавон онро намунаи олии дудмони (авлодӣ) аҳли хираду андеша пиндошту ба наслҳои минбаъда ба сифати дарсу сабақи омӯзанда аз он панд дод.

Бобохон Амирхоновро аснои суҳбат чун омӯзгори пуртаҷриба, мушовири кордону роздони риштаи маорифи ноҳияи Восеъ, марди обрӯманду шуҳратёри ҷумҳурӣ, аз поягузорони маорифи минтақаи Кӯлоби бостон ва низ ба хислату рафтору хулқу хӯ хоксору заминӣ дарёфтем. Ин поёни сафарномаи мо буд, ки аз кору пайкор ва рӯзу рӯзгори собиқадори маорифпарвар Бобохон Амирхонов қисса кардем.

Лутфуллои АЗИЗ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE