Ҳамоиш таҳти унвони “Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ”

4-уми сентябри соли 2025 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, ба истиқболи 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Ба иттилои ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода, дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ роҳбарият ва аъзои Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ташкилоту идораҳо ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд.

Дар қисмати асосии ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе – Дилбар Одилзода дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ омили муттаҳидии миллат», муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лутфия Абдулазиззода дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ кафили пешрафти ҷомеа», Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мавзуи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими имрӯзаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» ва узви Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Саид Ахмедов дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ воситаи муҳимми ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва рушди он» маъруза намуданд. Дар қисмати музокира Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва котиби Шурои олимони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Сино Қудратов суханронӣ карданд.

Т.Сатторов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE