Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот баргузор гардида, дар он забоншиносон ва муҳаққиқони соҳа иштирок карданд.

Дар конференсия мавзуъҳо оид ба саҳми Пешвои миллат дар таҳкиму тақвияти забони тоҷикӣ дар мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар масоили марбут ба рушду нигоҳдошти забони давлатӣ ва аҳамияти забони тоҷикӣ дар ташаккули ҷомеа муҳокима шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

Мижгон Раҳмонзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE