ХАТЛОН: ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ
2 сентябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 17 нафар кормандони соҳаҳои гуногун ба чунин қадршиносиҳо сазовор шуданд.
Дар оғози ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ёдовар гардид, ки ҳар сол дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат барои меҳнати фидокорона ва садоқат ба халқу давлат аз ҷониби Президенти мамлакат бо мукофоти давлатӣ қадршиносӣ мегарданд, ки ин эҳтиром ва қадршиносии махсуси Ҷаноби Олӣ мебошад.
Зимни баромади худ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иброз доштанд, ки аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани мукофоти давлатӣ ин мояи ифтихору сарфарозист. Аз ин нигоҳ, ҳар сол дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он нафароне соҳиби мукофоти давлатӣ мегарданд, ки дар пешрафту ободии ватан, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзанда гузоштаанд.
Сарвазири кишвар роҷеъ ба пешрафт ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, афзуд, ки мо бояд зери сиёсати созандаю бунёдкор ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муттаҳид бошем.
Дар ин радиф Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар вазъияти тантанавӣ мукофотгирандагонро аз номи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, мукофотҳои давлатиро тақдим намуданд.
Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат 17 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун ба медали “Хизмати шоиста”, унвони фахрии “Донори ифтихории Тоҷикистон” ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвазири мамлакат бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуданд.