Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия
Аз соли 1992 байни Тоҷикистон ва Русия зиёда аз 320 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ-техникӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва дигар самтҳо танзим менамоянд. Ҳуҷҷатҳои асосии ҳамкорӣ ин Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобил (аз 25 майи соли 1993) ва Созишнома дар бораи ҳамкории иттифоқчигӣ, ки ба асри XXI (11) нигаронида шудааст (аз 16 апрели соли 1999) мебошанд.
Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия ҳамасола дар сохтори ҷуғрофии савдои хориҷии Тоҷикистон дар рӯйхати шарикони асосии тиҷоратӣ дар ҷойи якум қарор дошта, ин нишондиҳанда тадриҷан тамоюли афзоиш дорад. Дар моҳҳои январ-июли соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ бо Федератсияи Русия 1 миллиарду 252,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 134,3 миллион доллар ё 12 фоиз зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-июли соли равон аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ба маблағи 64,2 миллион доллар молу маҳсулот содирот гардидааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2024 0,4 миллион доллар зиёд мебошад. Воридот 1 миллиарду 188,4 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2024 133,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ки робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели соли 1992 барқарор гардида, асоси рушди муносибатҳои дуҷониба Протоколи таъсиси робитаҳои дипломатӣ байни ду давлат мебошад, ки 8 апрели соли 1992 ба имзо расидааст.
Тоҷикистон ва Русия дар майдони байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.