Душанбе: ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба масъалаи вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия дар соҳаҳои иқтисод, молия, андозбандӣ, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ин масоил зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Тоҷикистон Мишел Тарран баррасӣ шуданд.
Зимни вохӯрӣ хусусан ба ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои дорои афзалият изҳор намуданд.