«ЗАБОНИ МИЛЛАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ»

22 июни соли 1989 «Қонуни забон» бо талоши фарҳехтагони тоҷик, бахусус Муҳаммадҷони Шакурӣ, Лоиқ Шералию Муъмин Қаноат қабул гашт. Миллати тоҷик ба забони хеш соҳибдорӣ кард. Бояд гуфт, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, мутафаккири забоншинос Садриддин Айнӣ дар бораи масоили забони тоҷикӣ, таърихи он, рушд ва пайванди забони имрӯза бо забони классикӣ, баҳрагирӣ аз ғановати забону гӯйишҳои маҳаллӣ барои такмили забони меъёр, ислоҳи забонҳои асарҳои алоҳидаи нависандагон, забони матбуот, наздик намудани забони гуфторӣ ва навишторӣ, инкишофи забони адабӣ ва луғатшиносӣ асару мақолаҳои зиёде таҳия намудааст, ки то ҳол арзиши илмию амалиашонро аз даст надодаанд.

Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири забони тоҷикӣ давраи Сомониён дубора такрор ёфт. Боз забони тоҷикӣ дар сатҳи баланди давлатӣ коргузорӣ карда мешавад ва аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад. Ин забон ҳамчун забони қудрат шинохта шудааст ва ба тамоми ниёзҳои замон посух мегӯяд. Дар соҳаи илму техника забони мо кашшоф аст. Дар асри технологияҳои навин ҷавонони мамлакат дониш ва иттилоотро бо забони модарӣ дармеёбанд, ки ин калиди  рушди илми миллӣ мебошад.

«Забон нишонаи асосии ҳастии як миллат аст» — гуфта буданд, Сарвари давлат. Воқеан бо талошҳои бесобиқаи Роҳбари давлат забон ва андешаронии миллӣ манфиатҳои миллатро таҷассум намуд. Аз ин рӯ ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки бо гуфтори шево ва оташин ва забони нобу холис симои забонро зебо  ва пайкари онро тавоно нигоҳ дорем.

Ҷовидон зӣ, эй забони донишу фарзонагӣ,
То ба гетӣ нур бахшад офтоби ховарӣ!
Тоҷикиро пос медорем, зеро гуфтаанд:
Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар ҷавҳарӣ!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE