Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи авиатсия тақвият меёбад
3 октябр Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл мулоқот намуда, масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкати истеҳсолкунандаи киштиҳои ҳавоии «Airbus» ва ширкатҳои сармоягузории Ҷумҳурии Фаронса барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро баррасӣ намуданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки баъди қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани сиёсати осмони кушод» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба ҳама намуди хизматрасониҳо тахфиф эълон намуд.
Агентии авиатсияи гражданӣ омода аст, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии фаронсавӣ ба воситаи 4 фурудгоҳи Тоҷикистон: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» ҳамкорӣ намояд.
Чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.