Ҳайати Тоҷикистон бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд

14 октябр дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар дафтари марказии Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор гардид.

Аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро мусбат арзёбӣ намуда, раванди татбиқи муваффақонаи Барномаи воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) дар Тоҷикистон ва нақши онро дар рушди ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор таъкид карданд.

Ҷонибҳо аҳамияти идомаи ислоҳот, тақвияти рақамикунонии низоми молиявӣ, рушди иқтидор ва дастгирии техникии Хазинаи байналмилалии асъорро баррасӣ намуданд. Илова бар ин ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаи истифодаи механизми Фонди устуворӣ ва пойдорӣ (RSF) пешниҳод намуд, ки дар доираи он маблғгузории имтиёзнок ҷалб карда шавад.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти идоракунии молияи давлатӣ, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, густариши кумакҳои техникӣ ва инчунин баррасии имконияти гузариш ба барномаи молиявии Хазинаи байналмилалии асъорро дар оянда таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE