Имзои шаш санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар доираи сафари кории ҳайати баландпояи мақомоти Узбекистон ба Тоҷикистон миёни Душанбеву Тошканд шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аз ҷумла, мақомоти ду кишвар Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистонро имзо намуданд.
Инчунин Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон ва Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ ба имзо расонида шуд.
Ғайр аз ин Тоҷикистону Узбекистон протоколи ҳамкорӣ байни МД “Маркази таълими калонсонони Тоҷикистон” ва Мономаркази “Ишга марҳамат”-и шаҳри Тошканд ва Ёддошти тафоҳуми оид ба ҳамкорӣ миёни МД “Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Курсҳои ҷумҳуриявии такмили ихтисосои кормандони мақомоти меҳнати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистонро ба имзо расиниданд.
Ду санади дигаре, ки миёни ҷонибҳо ба имзо расидааст — ин Протоколи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ байни Литсейи касбии техникии шаҳри Панҷакент ва Маркази омӯзиши касбии шаҳрвандони бекори шаҳри Самарқанд ва Протоколи ҳамкорӣ миёни Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент ва Саридораи шуғли вилояти Самарқанд мебошад.