35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» бунёд мегардад
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаи варзиш дар шаҳри Хуҷанд сохтмони Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» идома дорад.Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мо иттилоъ доданд, дар ин иншоот барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштингирӣ, таэквандо, гимнастикаи бадеӣ, теннис, шашкаву шоҳмот, инчунин баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ толорҳои бузург бунёд карда мешаванд.
Ҳамчунин таъсиси толори фитнес, маркази барқарорсозӣ, ошхона, мағозаҳои фурӯши лавозимоти варзишӣ ва марказҳои омӯзишӣ барои мураббиён дар назар аст.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» то 1000 нафар метавонанд дар як вақт машқу тамрин намоянд ва даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди беш аз 950 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аксари онҳо то ин муддат мавриди истифода қарор дода шудаанд.