Дар бораи дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар соли 2023 ва имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии кишвар брифинг баргузор гардид
27 феврали соли 2024 таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Насредин брифинг дар бораи дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар соли 2023 ва имкониятҳои сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистон барои роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявии муқими шаҳри Душанбе баргузор карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати Корҳои Хориҷӣ хориҷӣ хабар доданд.
Дар рафти брифинг муовини вазири рушди иқтисод ва савдо А.Нуриддинзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Х.Қодир ва муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ З.Салимзода ба ҳозирин роҷеъ ба дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар рӯнамо намуда, оид ба нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои оянда маълумот манзур намуданд.