Милитсияи Хатлон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба бунёдкорӣ иқдом гирифт

Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии Раёсат ва ҷузъу томҳои он, инчунин кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонони фаъол ва сокинони шаҳр дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар маъракаи «Шаҳри зебои ман»  баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандаву бунёдкорона доир гардид.

Дар маъракаи ободкорӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Файзулло Нозимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷовуддин Саломзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар ширкат доштанд.
Сардори Раёсати мазкур зикр намуд, ки мақсад аз гузаронидани ин иқдом- баланд бардоштани маърифати санитарию гигиенӣ ва экологии аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки омили асосияшон мавҷуд будани партовҳо дар муҳити атроф аст, инчунин татбиқи раванди ободониву созандагӣ, маданияти шаҳрдорӣ ва тозаву зебо нигоҳ доштани муҳити зист мебошад.

Дар маърака гӯшаву канори шаҳр, хусусан боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, маҳаллаҳо ва роҳравҳо аз ҳама гуна партовҳо тоза карда шуда, гулҳои ороишӣ шинонида шуданд, ки ба муҳити атроф ҳусни тоза зам намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE