Аксияи “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Варзоб
Ҳар инсон дар масъалаи ҳифзи муҳити зист нақши бағоят муҳим дошта, маҳз тозагиву покизагии гирду атроф аз заҳмати худи ӯ ба даст меояд. Имрӯз, 14 июн бо ин мақсад бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, мутахассисони шуъбаи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва волонтёрони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Маркази Орхуси кумита, дар маҷмуъ беш аз 50 нафар иштирок намуданд.
Иштирокчиёни аксия баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё ва ҳамзамон шаҳроҳи Душанбе-Хуҷанд партовҳоро ҷамъоварӣ намуда, баҳри ҳифзи тозагии муҳити экологӣ саҳм гузоштанд.
Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки ҳадаф аз баргузории ин аксия дар пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ нисбати дарки моҳияти покиза нигоҳ доштани унсурҳои табиат, бахусус, поку тоза нигоҳ доштани оби дарёи Варзоб аз ҳар гуна олудагиҳо мебошад.
Тозагӣ гарави саломатӣ буда, баҳри пойдории он ҳамеша месазад, ки муҳити зист, аз ҷумла назди хонаву гулгаштҳои кӯчаву хиёбонҳо, соҳилҳои дарёҳо ва ҷойҳои ҷамъиятиро тозаву озода бояд нигоҳ дошт. Бо ин васила метавон солимии муҳит ва одамонро таъмин ва зебогии атрофро боз ҳам рангинтару ҷаззобтар кард. Инчунин пас аз анҷоми аксия аз ҷониби волонтиёрон ба иштирокчиёни аксияи мазкур варақаҳои иттилотӣ дар бораи партовҳо тақим карда шуд.
Тавре болотар ишора намудем, ҳадаф аз баргузории аксияи “Тозагии соҳил” пеш аз ҳама маърифатнок намудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон дар муносибат ба муҳити табиат мебошад. Ин гуна аксияҳо бори аввал набуда аз ҷониби волонтёрони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дӯстдорони табиат пайваста роҳандозӣ мегардад.
Дар робита ба гуфтаҳои боло ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, ки моҳияти ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани унсурҳои табиатро дарк намуда, баҳри беҳдошт ва солимии муҳити зист саҳми худро гузорад.