Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд

 29 октябр дар доираи Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Саҳиба Али қизи Ғафарова мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода зимни мулоқот иброз намуд, ки имрӯз дастовардҳое, ки дар муносибатҳои дуҷониба муяссар гардидаанд, натиҷаи талошҳои дипломатӣ, дӯстӣ ва иродаи сиёсие мебошанд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу Алиев амалӣ мегарданд.

Иброз гардид, ки дипломатияи байнипарлумонӣ метавонад воситаи муассири пешбурди ҳадафҳои муштараки мо, таъмини самаранокии робитаҳои доимӣ байни гурӯҳҳои дӯстӣ, пешбурди манфиатҳои мутақобилан судманд ва густариши муколамаи байналмилалӣ гардад.

«Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш хоҳад кард, ки шарикии моро таҳким бахшад ва робитаҳоро рушд диҳад. Мо ҷонибдори тавсеа, амиқсозӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ, махсусан дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мебошем»,-гуфт Файзалӣ Идизода.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE