Намоишгоҳ – ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2025»
Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Дар ин намоишгоҳ намояндагони беш аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Чин иштирок хоҳанд кард.
Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2025» хусусияти универсалӣ дошта, дар як майдон намояндагони бахшҳои гуногуни саноат, тиҷорат ва хизматрасонӣ гирди ҳам меорад.
Рухшона Сатторӣ

