«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Бахшида ба Рӯзи Президент китоби академик Фарҳод Раҳимӣ рӯнамоӣ гардид

 Бахшида ба  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби дуҷилдаи  раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Абармарди таърихсоз» рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Таъкид гардид, ки китоби «Абармарди таърихсоз» арзиши баланди илмию таърихӣ ва сиёсию таҳқиқотӣ дошта, бо 3 забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудааст.

Китоб яке аз муҳимтарин асарҳои таҳқиқотии академик Фарҳод Раҳимӣ мебошад, ки мақсади он инъикоси саҳми таърихӣ, сиёсӣ ва давлатсозии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол аст. Асар бо такя ба далелҳо, ҳуҷҷатҳо, рӯйдодҳои муҳим ва таҳлилҳои илмӣ навишта шуда, фаъолияти Пешвои миллатро дар марҳалаҳои гуногун — аз барқарорсозии сулҳ ва ваҳдат то эҳёи иқтисод, фарҳанг, илм ва ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон бо равиши илмии асоснок бозтоб медиҳад. Гирдоварӣ ва таҳлили асосҳои илмии ин раванд имконият медиҳад, ки ҷомеа воқеияти таърихиро дақиқ дарк намояд.

Иброз гардид, ки китоб дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир беҳтарин роҳнамо барои ҷавонон дар омӯзиши ҳифзу муаррифии давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, ҳидоят ба худшиносии миллӣ, таҳаввули тафаккури миллӣ, тақвияти ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ифтихори миллӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию илмӣ мебошад.

Китоби «Абармарди таърихсоз» барои омӯзиши таҷрибаи давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди худшиносии миллӣ манбаи арзишманд мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE