Дар Душанбе Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад
28 сентябр дар шаҳри Душанбе Анҷумани кории Тоҷикистон ва Беларус доир мегардад. Дар ин хусус дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Анҷумани корӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва машваратӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани самаранокии муносибатҳои тиҷоратӣ байни ташкилоту ассотсиатсияҳои Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муайянкунӣ ва рафъи монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷониба ба шумор меравад.
Дар анҷуман баррасии масоили кунунии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба ва муаррифии ширкатҳои Беларус дар назар аст. Инчунин иштироккунандагон имкони гуфтушунидҳои хосса бо шарикони беларусиро доранд. Дар ҷараёни он баимзорасии якчанд санадҳои дуҷониба дар назар дошта шудааст.