Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
20 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чавроқ» ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд.
Аввалин иншооте, ки ба тариқи маҷозӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти ором” дар деҳоти ба номи Дадобой Холматов мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.
Дар ин корхона, ки 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд, дар як шабонарӯз 100 ҳазор дона хишт истеҳсол карда мешавад.
Дар корхона истеҳсоли хишт ба воситаи дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла робот сурат мегирад, ки меҳнати дастӣ кам ба назар мерасад.
Корхонаи истеҳсоли хишти сабуки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Бӯстон” бошад, дар мавзеи Рӯхаки деҳоти Ғозиён ба кор дароварда шуд.
Барои бунёду ба кор даровардани корхона 32 миллион сомонӣ харҷ гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки асосан аз хориҷи кишвар оварда шудааст, дар як сол истеҳсоли 72 ҳазор метри мукааб хишти сабук ё газаблок имкон дорад. Дар корхона 55 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко-Инвест”, ки аз ҷумлаи калотарин ширкатҳои истеҳсолии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи чӯҷабарориро бунёд намуд. Дар давоми як сол корхона имкон дорад, 6 миллион сар чӯҷа истеҳсол намояд.
Зимни муаррифии имконияту иқтидорҳои истеҳсолӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми 10 моҳи сипаришудаи соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси қариб 200 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.
Дар ин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, бинои таълимӣ, ошхона ва хобгоҳи Литсейи касбию техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки бо харҷи қариб 4 миллион сомонӣ навсозӣ карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таъмири пурра ва муҷаҳҳазсозии синфохонаю устохонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти литсей бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ иҷро намудаанд.
Дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як кӯдакистони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ахтарони меҳр” дар партави иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, барои таълиму тарбияи 360 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Дар ин рӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба таври онлайнӣ Қасри фарҳанги деҳоти ба номи Дадобой Холматовро, ки бо мабалағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин қасри зебою муҳташами дуошёна, аз толори барҳаво бо фарогирии 300 ҷойи нишаст, 5 синфхонаи таълимӣ барои тарбиятгирандани филиали мактаби санъат, китобхона, хонаи ақди никоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар ошёнаи дуюми иншоот бошад, барои маъмурияти Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов 8 ҳуҷраи корӣ бунёд гардидааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар 6 иншооте, ки Роҳбари давлат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода доданд, дар маҷмуъ 230 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
