Форуми 2-юми байналмилалии кишварҳои ИДМ оид ба ғизои мактабӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Форуми 2-юми байналмилалии кишварҳои ИДМ оид ба ғизои мактабӣ таҳӣ унвони “Ғиззои мактабӣ – сармоягузорӣ ба насли миллати солим” оғоз гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода иттилоъ медиҳад.

Дар кори форум намояндагон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон Узбекистон, Туркманистон, Русия, Белорус, Арманистон, Озорбойҷон ва сохторҳои давлатии Тоҷикистону ташкилоти байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ширкат намуданд. Дар форум Зулфия Давлатзода- сардори Раёсати рушди иҷтимои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки барномаи ғиззои мактабӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат қарор дошта, тули беш аз 25 сол боз бо Барномаи озуқавории СММ ҳамкориро дар ин самт дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби дигар масъулин таъкид рафт, ки имрӯз дар 2000 муассисаҳои таълимии 52 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беш аз 440 000 ҳазор хонада дар доираи ин барномаи СММ ҳамарӯза бо ғиззои босифти мактабӣ таъмин карда мешаванд.

Т. Сатторов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE