Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст

 Барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ним миллион литр сӯзишвории дизелӣ ва 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира шуда, ин раванд идома дорад.

Дар намояндагии Варзоб то ин вақт 6500 тонна маводи зиддилағзиш, Зарафшон 5600 тонна ва дар Суғд 5359 тонна чунин мавод захира карда шудааст. Бо назардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе-Чанок коркарди он бо маводи зиддилағжиш ба таври мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ карда шавад. Бинобар ин, харҷи ин намуди мавод низ сол то сол тамоюли афзоиш касб менамояд.

Илова бар ин, чархҳои резинии зимистонаи мошин ва механизмҳои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории 535 000 литр чунин маводро доранд, барқарор карда шуданд. Муҳимтар аз ҳама, техникаю механизмҳои филиали ширкат, ки теъдодашон 242 адад аст, ба фасли зимистон пурра омодаанд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият давоми 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин рақамҳо, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ба таври назаррас афзудаанд, имкон фароҳам меоранд, ки рисолати филиали ширкат — нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE