Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
26 ноябр вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори навтаъйини Агентии ҳамкории байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон Виктор Ветсел баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, зимни мулоқот ҳамкории муштарак дар самти муҳити зист, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ба нашр расонидани Китоби сурх баррасӣ карда шуд.
Иброз гардид, ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нигоҳдории экосистемаҳои табиӣ ва татбиқи энергияи «сабз» дар минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

