Ҷаласаи Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

Дар шаҳри Минск ҷаласаи 35-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Кумитаи иҷроияи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ якчанд масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ташхиси (инвентаризатсияи) заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии санадҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҷрибаи давлатҳои Иттиҳод оид ба мониторинг ва гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба санадҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои муҳими маърузаи кори кумитаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE