Дар Тоҷикистон Фестивали картошка баргузор мешавад

Пагоҳ, 29 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад, ки дар он навъҳои гуногуни картошка пешниҳоди сокинон гардонида мешаванд.

Дар фестивал аз ҷониби кишоварзони мамлакат навъҳои гуногуни картошка ба намоиш-фурӯш гузошта мешаванд. Сокинони пойтахт имкон доранд, ки баъд аз анҷоми фестивал бо нархҳои дастрас картошка харидорӣ намоянд.

Ба маълумоти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка зироати асосии хӯрокворӣ барои аҳолии кураи Замин ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол баъд аз гандум ва шолӣ картошка дар дунё ҷои сеюмро ишғол менамояд.

Зимни Фестивали намоиш-фурӯши картошка аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон картошкапарварони беҳтарин бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE