Мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Пэн Тсинхуа
28 ноябр дар шаҳри Пекин дар ҳошияи ҷаласаи якуми Комиссияи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ вохўрии муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаб бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин Пэн Тсинхуа доир гардид.
Зимни мулоқот вазъи робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамкориҳои гуногунсамтаи миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти Комиссияи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоидат хоҳад кард.

