Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Прабово Субианто барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари талафоти ҷонӣ ва осеб дидани шумораи зиёди одамон дар  Ҷумҳурии Индонезия бар асари боришоти шадид ва ярчу обхезиҳои фалокатбор боиси андуҳи беандозаи мо гардид.

Вобаста ба пайомадҳои ин офатҳои табиии харобиовар ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Индонезия  иброз менамоям.

Ба ҳамаи осебдидагон шифои комилу оҷил хоҳонем».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE