Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд муҳтарам Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон дар Шоҳигарии Тайиланд бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвар боиси андӯҳи бепоёни инҷониб гардид.
Дар иртибот ба оқибатҳои харобиовари ин офати табиӣ ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Тайиланд ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям.
Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

