Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ «Ситораи тоҷ» ва ҶДММ «Лидер»-ро ифтитоҳ намуданд
9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 — юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду корхонаи нави саноатӣ – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаҳои дӯзандагӣ дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шуда, дар он 900 нафар дар ду баст ба кор таъмин гардидаанд.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти корхонаи тозабунёди “Ситораи тоҷ” шинос шуданд.
Дар корхонаи мазкур барои духти сару либоси махсус ва ягонаи корӣ 360 мошинаи дӯзандагӣ ворид ва насб карда шуда, дар он 350 нафар занону духтарони хонашин дар як баст пас аз омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар соҳиби кор шуданд.
Корхонаи “Ситораи тоҷ” бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дар як сол имкон дорад то 120 ҳазор маҷмуъ сару либоси махсус ва ягонаи корӣ ва зиёда аз 1 миллион сару либоси трикотажиро дар асоси дархост омода намуда, ба бозор пешниҳод намояд.
Дар коргоҳҳои бурандагӣ ва дӯзандагӣ маҳсулоти тайёр бо истифода аз матоъҳои хушсифати ватанию хориҷӣ то сатҳи ниҳоӣ омода шуда, бо шаклу тарҳи муосир ба харидорон дастрас мегардад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот иқдоми сармоягузорро намунаи хуби ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаи саноат арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки бо шарофати дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна намояндагони бахши хусусӣ метавонанд минбаъд низ чунин корхонаҳои муосирро бунёд ва ҳаҷми маҳсулоти ивазкунандаи воридотро дучанд гардонанд.
Муассиси корхона нақша дорад, ки дар оянда вобаста ба талаботи маҳсулот шумораи ҷойҳои корӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро 2-3 баробар зиёд намояд.
Сарвари давлат дар ин ҷо ҳамзамон бо раванди фаъолияти корхонаи дигари тозабунёд — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Лидер”, ки дар шафати корхонаи “Ситораи тоҷ” ҷойгир аст, шинос шуданд.
Корхонаи мазкур дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсоли шимҳои маъруфи ҷинсро бо бренди “Ҷадид” (JADID) ба роҳ мондааст, ки 99 фоизи таркиби матои он аз пахта аст.
Азбаски шимҳои ҷинс ва дигар либосҳои пахтагӣ дар ҷаҳон харидорони зиёд дорад, соҳибкорони ватанӣ талош доранд, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва ворид кардани технологияи муосир маҳсулоти ватаниро бо тамғаи “Мейд ин Таҷикистан” (Made in Tajikistan) дар хориҷи кишвар бештар муаррифӣ намоянд.
Дар ин корхонаи навтаъсис занону духтарон, ки 200 нафарро дар ду баст ташкил медиҳанд,ба пора кардани матоъи навъи Деним ва духти он машғуланд ва маоши хуб мегиранд.
Коргарону мутахассисони корхонаи дӯзандагии “Лидер” ашёи хомро аз корхонаҳои ватанию хориҷӣ дастрас карда, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ имкон доранд, ки дар як рӯз то 800 дона шим омода намоянд.
Сарвари давлат ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолгардида, ки пурра ба содирот нигаронида шудааст, баҳои баланд доданд.
Дар оянда бо зиёд шудани талабот ба ин намуди маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон муассисони корхона азм доранд, ки ҳаҷми истеҳсолро дар заминаи қувваи кории мавҷуда қариб як баробари дигар зиёд намоянд.
Бо истифода аз 70 мошинаи дӯзандагӣ коргарон ҳамарӯза маҳсулоти баландсифат омода ва дар асоси талабот ба хориҷи кишвар содир менамоянд.
Барои таъмини фаъолияти доимӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ҳамзамон дар боми бино панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки дастгоҳҳои дӯзандагӣ аз онҳо неруи барқ мегиранд.
Саноати сабук дар баробари дигар бахшҳои соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятнок дар ҷодаи таъмини занону бонувон бо ҷойи кор ба шумор меравад ва минбаъд низ дар доираи стратегия ва амалисозии ҳадафҳои “Солҳои рушди саноат” — 2022-2026 бунёду ба истифода додани чунин корхонаҳои муосир дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.