Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш ба Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ» маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Зимни гулчанбаргузорӣ меҳмони олиқадрро дар майдони Дӯстӣ раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ Маҷлили Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазиранд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE