Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Моҳияти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ: мушкилот ва дурнамо»
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Моҳияти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш олимону муҳаққиқони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, перомуни муҳимтарин мавзӯъҳо, аз ҷумла ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар забоншиносӣ ва таълими забон, ҳамчунин асосҳои назариявӣ ва методологии ташаккули омодагии касбии донишҷӯёни ихтисоси омӯзгорӣ ба татбиқи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар раванди таълими забон андешаронӣ намуданд.
Зебо Ботирова, профессори факултети забонҳои ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии Намангани Ҷумҳурии Ӯзбекистон, перомуни мавзӯи зеҳни бофарҳанг, шаҳрвандии рақамӣ ва масъулияти ахлоқии омӯзгор дар асри XXI мақолаи худро пешниҳод намуд.
Магистранти ихтисоси барномаи омӯзиши забонҳои уйғурӣ ва чинӣ аз Донишгоҳи омӯзгории Синдзянии Ҷумҳурии Мардуми Чин Ванг Ша, доир ба зеҳни сунъӣ ва нақши он дар замони муосир ибрози назар кард.
Нӯъмонов Талъат, номзади илмҳои техникӣ аз Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, зимни суханронӣ ба мавзӯи нейролингвистика — чӣ гуна зеҳни сунъӣ забонро мефаҳмад ва эҷод мекунад — таваҷҷуҳ намуд.
Гулназарзода Жило, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, зимни суханронии худ изҳор дошт, ки инсоният бо зеҳни сунъӣ набояд дар рақобат бошад; балки танҳо бо ҳамкорӣ ва истифодаи пурсамар аз он метавон ба дастовардҳои зиёди илмӣ ноил гардид.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

