Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят-Реҷенси»-и шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ҳамкорамон Шукрона Насриддинзода аз рафти форуми мазкур ба мо иттилоъ дод, дар ин чорабинии бонуфуз беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъданҳои кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ иштирок доранд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оғоз гардида, ширкаткунандагонро ба ин ҳамоиши бонуфуз хайрамақдам гуфт. Ӯ иброз дошт, ки баргузории форум пеш аз ҳама ба муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, намоиши доираи васеи захираҳои мавҷуда — аз ҷумла металлҳои ранга, маъданҳо ва муайянсозии лоиҳаҳо ва имкониятҳои умедбахши сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди ин соҳа пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии форум муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистон, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, нишон додани доираи васеи захираҳои мавҷуда аз ҷумла металлҳои ғайриранга ва маъданҳои муҳим ва муайян кардани лоиҳаҳо ва имкониятҳои умедбахши сармоягузорӣ мебошад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

