Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд

 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 августи соли 2021 зимни ифтитоҳи марҳилаи якум ба бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузошта буданд.

Аснои боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона 100 фоиз содирот карда мешавад.

Корхона аз ҷумлаи иншооти саноатӣ ба ифтихори ҷашни бошукуҳи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба амалишавии босамари солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат мусоидат мекунад.

Фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуди маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лулаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад. Ҳоло барои фаъолияти самарабахш ва коркарди босифати маҳсулоти корхона зиёда аз 80 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид, ки 35 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои пластикӣ ва резин барои васли қисмҳои алоҳидаи дару тиреза, насби қисмҳои гуногуни мебел, лулаҳои пластикӣ барои интиқоли об дар биноҳои баландошёна ва боз чандин номгӯи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки барои боз ҳам зиёд намудан ҳаҷми истеҳсол, беҳсозии сифати маҳсулот ва коҳиш додани нархи он таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад.

Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди марҳилаи сеюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» муаррифӣ карда шуд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи сеюм аз 4 коргоҳ иборат буда, тавассути он коркарди солонаи алюминий ба 8000 тонна расонда мешавад.

Пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи сеюми корхона, шумораи кормандон ба 300 нафар расонида мешавад.

Дар марҳилаи баъдӣ дар ин корхона номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ аз алюминий истеҳсол карда мешавад.

Масъулин аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи саноат миннатдорӣ намуда, барои афзун кардани ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи босамари соҳа дастуру тавсияҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти онҳо дар 10 моҳи соли 2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE