Вазъи соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Суғд

Ҷиҳати рушд ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама манотиқи мамлакат корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фароҳамоварии инфрасохтори мусоид барои сайёҳон ҷараён дорад. Дар вилояти Суғд низ барои фаро гирифтан сайёҳон ва рушди соҳа чандин тадбирҳои мушаххас руйи кор гирифта шуд. Натиҷаи ин буд, ки солҳои охир беш аз 20 ширкати нави сайёҳӣ ташкил шуда, ба ворид ва интиқоли гардишгарони дохилӣ ба мавзеъҳои диданибоби вилоят, фаъолияти худро равона сохтанд.

Ҳамсуҳбатамон Деҳқонов Деҳқонбой, мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД-и вилояти Суғд иброз намуд, ки барои боз ҳам муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон бунёди чанд иншооту маҷмааҳои фарҳангиву фароғати дар ҳудуди вилоят идома дорад. Ба таъкиду ӯ, бо амалишавии корҳои сохтмонӣ соҳаи сайёҳии вилоятро зинаҳои нави рушд интизор хоҳад буд.

Зимни фароҳам овардани имтиёзҳои навбатии давлату ҳукуматдар самти сайёҳӣ, субъектҳои фаъолияткунандаи соҳа дар ҳудуди вилоят тавонистанд, ки дар рушди сайёҳии дохилӣ нақши муассир бигзоранд ва соҳаро ҳамчун самти афзалиятнок муаррифӣ созанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 287 миллион сомонӣ инфрасохтори сайёҳӣ таҷдид карда шуд, ки ин омил низ метавонад оянда ба ҷалби бештари сайёҳони дохилу хориҷ ба ҳудуди вилоят мусоидат намояд, мегӯяд ин намояндаи бахши сайёҳии вилояти Суғд.

Бо вуҷуди таъсири бемории ҳамагир дар ҳудуди вилоят соҳаи сайёҳӣ бо маром рушд менамояд. Боғҳои фарҳангӣ, маҷмааҳои фароғатӣ, иншоотҳои маишӣ ва мавзеъҳои таърихӣ имрӯз барои боздиди сайёҳон пурра омода шудааст. Деҳқонов Деҳқонбой аз шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД – и вилояти Суғд мегуяд, дар мавсими нави туризм талош менамоянд, то ба сайёҳон тавассути роҳ ва усулҳои нав хизматрасонӣ намоянд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар ҳудуди вилоят иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ ниҳон аст. Дар сурати дуруст ба роҳ монданва самаранок истифода бурдани он, сокинони минтақа метавонанд фоидаи соф ба даст оварда, сатҳи зиндагии хешро боло бардоранд.

Бахтовар АМИНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE