Адибони тоҷик дар Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 иштирок намуданд

 Ду адиби тоҷик дар  Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 соҳиби унвони  «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Саммити ҷаҳонии нависандагон ва рассомон CIESART-2025 дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардида, дар он беш аз 100 нафар намояндагони адабу фарҳанги 37 давлати ҷаҳон иштирок доштанд.

Нахустин маротиба ду адиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон- Абдуқаҳҳори Қосим ва Гулноз Тоҳириён бо ин унвон сарфароз гардонида шуданд.

Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчунин дар конфронсҳои «Пайванди миллатҳо» ва маҳфили «Шоми сафеди сулҳ» бо забони ноби тоҷикӣ шеър қироат намуда, ҳозиринро мафтуну шефтаи ҷозибаи забони тоҷикӣ гардонид. Абдуқаҳҳори Қосим инчунин бо унвони доктори фахрии илмҳои гуманитарӣ ва санъат сарфароз гардонида шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE