Охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши хушкмеваҳо баргузор хоҳад шуд

 Якшанбеи охири моҳи июн дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Тиргон дар якҷоягӣ бо Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии мамлакат.

Масъулони баргузории ин ҷашну намоиш Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, ҳифзи муҳити зист, агентиҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, содирот, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Тиргон ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён пайвастагӣ дорад.

Моҳи Тир (тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи деҳқонон оғоз мешавад.

Тавре президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Тиргон ҷашни даъвати борон аст ва ба фасли тобистон рост меояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE