1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
1 январ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз мегардад, ки то 7 январи соли 2026 идома меёбад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.
Давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.
Давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шуроҳои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:
таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 то 7 ноябр)
таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 то 7 январ)
таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)

