Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид  Ҷонибек Ҳикмат бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC) Лок Баҳодур Тапа  мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо зимни мулоқот роҷеъ ба авлавияти Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, аз ҷумла тақвияти ҳамоҳангӣ дар низоми Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор мубодилаи афкор намуданд.

Ҳарду ҷониб зимнан ба масоили марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла аҳамияти онҳо барои рушди устувор, тобоварии иқлим ва ниёзҳои кишварҳои осебпазир, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи махсус доданд. Дар ин замина уҳдадориҳои мамлакат барои пешбурди ҳамкории ҷаҳонии об ва амалҳо барои татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор, хусусан зимни Форуми сиёсии сатҳи баланд таъкид карда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот намояндаи доимӣ даъватномаи расмиро барои иштирок дар 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид супорид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE