Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ҳамоиш баргузор шуд
1 октябри соли 2024 бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори фарҳангии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Зарина, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва якқатор собиқадорони соҳа, инчунин директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Зуҳурзода Зарина ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ самимона шодбош гуфтанд. Номбурда аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба ҳамасола баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа аз тарафи ҳукумати кишвар ибрози назар карданд.
Инчунин, дар рафти чорабини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром ва Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам низ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати иди касбиашон табрик намуданд. Аз ҷумла, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам оид ба нақши бузурги забони давлатӣ дар рушду пойдории миллат ва фарҳанг суханронӣ карданд.
Дар идомаи чорабинии имрӯза бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон якқатор омӯзгорони навовару эҷодкор ва дорои натиҷаҳои назаррас бо мукофотпулиҳо, Сипосномаҳои Раиси ноҳия, нишони ифтихории “Аълочии маориф ва илм”, Ифтихорномаи шуъбаи маорифи ноҳия ва собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охири чорабинии идона ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ба хотири болидарӯҳии иштирокдорон барномаи фарҳангии ҷолибу диданӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.