Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар Мусобиқаи байналмилалии «Prayer for Peace; Hiroshima International Youth Soccer Games», ки дар Ҳирошимаи Ҷопон ба анҷом расид, иштирок намуд.

Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, давоми мусобиқа дастаи мо се бозӣ анҷом дода,  бо Академияи «Санфречче Ҳирошима» ҳисобро мусовӣ (2:2) намуда, бозиро бо дастаи мунтахаби наврасони Ҷопон (0:1) ва дастаи музофоти Ҳирошима (0:2) бохт.

Иштирок дар ин мусобиқа барои наврасони тоҷик марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати қитъавӣ дастаи яккачини наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) неру месанҷад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE