Чорабинии фарҳангӣ – фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад

4 апрели соли 2026 дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ – фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад. Дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.

Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ мебошад. Инчунин фестивал ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Чорабинӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Бозоршинос» баргузор гардида, ҳамоҳангсозии он ба зиммаи шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт вогузор карда шудааст.

Барномаи фестивал, ки аз соати 15:00 то 22:00 идома меёбад, силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, шириниҳо ва нӯшокиҳои ташнашикан пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз қабили бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳои шавқовар, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси фароғатӣ барои кӯдакон ва дигар фаъолиятҳои ҷолиб ташкил карда мешаванд.

«Dushanbe Navruz Fest» ба яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт табдил ёфта, барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе фазои идона, фароғати хотирмон ва шиносоӣ бо фарҳангу анъанаҳои миллиро фароҳам меорад.

Маълумоти бештарро вобаста ба баргузории фестивал метавон аз саҳифаҳои расмии Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel), Х (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) дастрас намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE