Конфронс бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо доир шуд

Имрӯз дар бинои Агентии обуҳавошиносии кишвар конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои обӣ: мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ» баргузор гардид.

Конфронс бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо доир шуда, дар он олимон ва шарикони байналмилалӣ иштирок карданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид. Иштирокчиён инчунин оид ба вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва роҳҳои татбиқи ташаббусҳои миллӣ дар ин самт маърӯза намуданд.

Шарофиддин Каримов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE