Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд интихоб шуд

 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд (CPD) интихоб шуд.

Тавре аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, интихоботи мазкур эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро ба талошҳои Тоҷикистон ва уҳдадории он барои пешбурди авлавияти аҳолӣ ва рушд, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, баробарии гендерӣ, ҳуқуқ ва некӯаҳволии занон, кӯдакон ва ҷавонон нишон медиҳад.

«Тоҷикистон дар амри баргузории муваффақона ва муассири ин иҷлосия омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои аъзо ва шарикони байналмилалӣ мебошад», — таъкид намуданд дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE