Қарздиҳӣ дар Тоҷикистон 23,6 фоиз афзоиш ёфт

Дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар додашуда ба 16,9 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, қисми зиёди қарзҳо ба соҳаҳои истеъмолот, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ, кишоварзӣ ва хариди манзил равона гардидаанд. Ҳамзамон, ба соҳибкории истеҳсолӣ 4,3 миллиард сомонӣ қарз ҷудо шуда, 25,2 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил медиҳад.
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE